Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд. Дар пеши назари ҳама гунгҳо гап задаву лангҳо роҳ рафтаву кӯрон дида метавонистагӣ шуданд, маъюбон сиҳат гаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд. Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд. Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоиш намуда, баргашт Сардори лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин одам бегуноҳ буд». Падари Ман бо он шӯҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.
Выбор основного перевода