Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд. Баъд ба сардори лашкар гуфт: «Бирав! Чи тавре ки имон доштӣ, ҳамон тавр мешавад». Ҳамон замон хизматгор шифо ёфт. Исо ба ин ҷавоби ӯ гуфт: «Имонат бениҳоят боқувват будааст, хоҳар! Он чи мехостӣ бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.
Выбор основного перевода