Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар ин мобайн як марди махаве назди Исо омаду ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод. Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад. Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд. «Эй Худованд, имон дорам!»- ҷавоб дод вай ва ба Исо саҷда кард.
Выбор основного перевода