Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас ба назди Исо марди девонаеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо бахшид ва ӯ ҳам гап зада ва ҳам дида метавонистагӣ шуд. Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ бо қудрати Баал-Забул, сардори девҳо девҳоро берун мекунад». Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад. Он мард зуд шифо ёфта, гӯшҳояш кушода шуданд, забонаш озод гашт ва ӯ бурро гап зада метавонистагӣ шуд. Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Шумо овардам. Ӯ гап зада наметавонад, зеро гирифтори рӯҳи нопок аст. Пас, Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ дар сафи пеш шудан хоҳад, бояд аз ҳама ақиб ва дар хизмати ҳама бошад». Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд.
Выбор основного перевода