Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Инак, як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон назди Исо рафта истода гуфт: «Эй Насли Довуд! Илтимос, Хоҷаам, ба ман раҳм кунед! Духтарам дев дорад ва аҳволаш бениҳоят вазнин аст». Баъдтар Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ериҳӯ ба роҳ баромада буд, ки мардуми зиёде аз паи онҳо рафтанд. Воқеан ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузашта истодани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй Насли Довуд! Эй Хоҷа ба мо раҳм кун!» Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед». Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
Выбор основного перевода