Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
гуфт: «Хоҷаам, хизматгорам аз ҳаракат монда, дар хона рӯи ҷойгаҳ хобидааст. Ӯ дар оташи дард сӯхта истодааст». Исо ба қафояш рӯй гардонду занро дида, гуфт: «Эй зан, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон замон зан шифо ёфт. Азбаски ҳама Ӯро дида тарсиданд, Исо фавран ба онҳо гуфт: «Натарсед! Ин Манам. Ором шавед». Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад». Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биёед, ҳоло се хайма месозем: яке - барои Шумо, дигаре - барои Мӯсо ва сеюм - барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд.
Выбор основного перевода