Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд. Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҷалил сафар карда, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод ва девҳоро аз одамон берун мекард. Ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат буд.Исо ба деҳоти атроф рафта, мардумро таълим медод. Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳо, дарду азоб ва рӯҳҳои нопок шифо бахшида, чашми нобиноёни зиёдеро бино мекард. Исо дар шаҳру деҳаҳо гашта мардумро таълим медод. Вай ба сӯи Ерусалим равона буд.
Выбор основного перевода