Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват намуд ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар назди дастархон паҳлӯ зада нишаст. Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад. Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид.
Выбор основного перевода