Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устодамон мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Балогардонро қайд мекунад». чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад». Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. «Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад». Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад! Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки «Падар, Маро аз ин соат халос кун!», вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд. Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад,
Выбор основного перевода