Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён маҷлиси шӯроро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. Агар мо имконият диҳем, ки Ӯ кори худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, ҳам ҷои муқаддасамон ва ҳам халқи моро нест мекунанд». Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол сарвари рӯҳониён буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! Магар аён нест, ки агар як нафар ба хотири халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад». Қаёфо ин суханонро боихтиёри худ нагуфт, балки аз сабаби ҳамон сол сарвари рӯҳониён буданаш аз ӯ ин пешгӯӣ баромаданд, ки Исо барои халқ мемирад. Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо низ, ки дар рӯи замин парокандаанд, мемирад. Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр ба қатл расондани Ӯро фикр карданд.
Выбор основного перевода