Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Агар касе ягон гап занад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав ба бурдан иҷозат медиҳад». Азбаски то ба осмон бурда шудани Исо вақт кам монда буд, Ӯ қарори қатъӣ қабул кард, ки ба сӯи Ерусалим равона гардад. «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст,- ҷавоб дод ба онҳо Исо,- барои шумо ҳар вақт хуб аст. Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст». Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд. Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад! Як рӯз пеш аз иди Балогардон Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё рафтан ва ба пеши Падараш баргаштани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд. - Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст. Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари худро шӯҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шӯҳрату ҷалол бидиҳад,
Выбор основного перевода