Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Петрус дар рӯи ҳавлӣ менишаст, ки яке аз канизакон ба наздаш омада гуфт: «Ту ҳам ба Исои Ҷалилӣ шарик будӣ». Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯӣ». Сипас вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд.Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам». Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам шарики онҳо ҳастӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст». Вале Петрус қасамҳо хӯрда гуфт: «Ман ин одамро намешиносам».Ҳамин лаҳза хурӯс ҷеғ зад ва суханони Исо ба хотири Петрус омаданд. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад.Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт. Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!» Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам». Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!» Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам». Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!»- гуфт Петрус. Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст». «Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ»,- гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад. Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард. Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!» Шимъӯни Петрус бошад, дар ҷои пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод. «Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?»- гуфт яке аз хизматгорони сарвари рӯҳониён, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд. Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.
Выбор основного перевода