Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо таълим додани ҳамаи ин чизҳоро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: «Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз ҷашнгирии рӯзи Балогардон сар мешавад. Он вақт Фарзанди Инсон ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд». Он гоҳ дар қасри Қаёфо ном сарвари рӯҳониён сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм ҷамъ омаданд. Онҳо нақша кашиданд, ки бо ҳила Исоро дастгир мекунанду Ӯро ба қатл мерасонанд. Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, чунки халқ шӯриш бардоштанаш мумкин буд.
Выбор основного перевода