Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?» Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош». Исо ба мард гуфт: «Чӣ? „Агар илоҷашро ёбам”? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донеду барои ҷустани таърифи Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?! Агар шумо ба Мӯсо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд. Вале, агар шумо ба он чӣ, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»
Выбор основного перевода