14
Ишаъё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд:„Ин одамон ҳарчанд гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд;ҳарчанд нигоҳ кунанд ҳам, намебинанд,чунки ин одамон кундфаҳм шудаанд,гӯшҳояшон мадори шунидан надорандва чашмонашонро онҳо пӯшидаанд.Агар ин тавр намекарданд, чашмонашон дида,гӯшҳояшон шунидава ақлашон дарк карда метавонист.Он гоҳ онҳо сӯи Ман - Худо рӯй меоварданд,то ки Ман онҳоро шифо диҳам”.Ин пешгӯӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
«Худо чашмони онҳоро нобинова ақли онҳоро тира кардааст,то ки онҳо бо чашмони худ набинандва бо ақли худ дарк накунанд.Вагарна, мегӯяд Худо, ба Ман муроҷиат мекарданд,то Ман онҳоро шифо диҳам».