Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вақте ки Фарзанди Инсон ҳамчун Шоҳ ҳамроҳи ҳамаи фариштаҳо меояд, Ӯ бар тахти шоҳонаи худ мешинад ва ҳамаи халқиятҳои рӯи замин дар пеши Ӯ ҷамъ меоянд. Он гоҳ Вай мисли чӯпоне, ки гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекарда бошад, одамонро ба ду тараф тақсим мекунад. Одамони накӯкорро Вай аз тарафи дасти росташ мегузораду боқимондаҳоро аз тарафи дасти чапаш. Баъд Шоҳ ба одамони дар тарафи росташ буда мегӯяд: „Хуш омадед, шумо, ки Падарам баракат додааст! Омада дар подшоҳии Худо, ки аз вақти офариниш бароятон насиб гардидааст, баҳраву ҳаловат баред. Чунки вақте гурусна будам, ба Ман хӯрок додед, ташна будам, нӯшок додед, бегона будам, Маро дар хонаатон меҳмон кардед, бараҳна будам, ба Ман либос пӯшондед, бемор будам, ба Ман ғамхорӣ кардед ва дар ҳабс будам, Маро хабар гирифтед”. Накӯкорон бошанд, аз Ӯ мепурсанд: „Худованд, кай мо Туро гуруснаву ташна дида будем, ки бароят хӯроку нӯшок дода бошем? Ё кай Туро бегонаву бараҳна дида будем, ки меҳмон карда ба Ту либос пӯшонда бошем? Кай Туро бемор ё дар ҳабс дида будем, ки хабар гирифта бошем?” Шоҳ ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман мекардед, шумо инро ба Ман мекардед!”. Сипас ба одамони дар тарафи чапаш буда мегӯяд: „Дафъ шавед аз пеши назарам, лаънатиҳо! Гум шавед ба оташи абадие, ки барои иблис ва фариштаҳои вай тайёр шуда буд! Чунки вақте гурусна будам, хӯроке надодед, ташна будам, нӯшок надодед, бегона будам, дар хонаатон меҳмон накардед, бараҳна будам, ба Ман либос напӯшондед, бемор ва дар ҳабс будам, Маро хабар нагирифтед”. Он гоҳ онҳо ҳам мепурсанд: „Худованд, мо кай Туро гуруснаву ташна, бегонаву бараҳна ё бемору дар ҳабсхона дида будем, ки хизмат накарда бошем?” Шоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар дафъае, ки шумо ҳамаи инро ба яке аз одамони хурдтарини Ман намекардед, пас гӯё барои Ман накардаед”. Ниҳоят, ин одамон ба ҷое меафтанд, ки то абад ҷазо мебинанд, аммо накӯкорон соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд».
Выбор основного перевода