Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Шумо ҳамчун намак барои одамони ҷаҳон ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад. Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, нонамоён буда наметавонад. Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба таги тағора намегузорад, баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон равшанӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, раҳмат гӯянд. Фарз кардем, ки як мард сад сар гӯсфанд дораду якеаш аз рама ақиб монда роҳро гум мекунад. Он мард чӣ кор мекунад? Магар наваду нӯҳ гӯсфандро дар теппаҳои чарогоҳ монда ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумроҳшудааш намеравад? Ва баъд аз ёфтанаш, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нӯҳ гӯсфанди гумроҳнашуда бештар хурсандӣ мекунад. Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман гумроҳ шавад. Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед. Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст. Пас шумо ҳам вақте ки ба амал омадани ин чизҳоро мебинед, донед, ки подшоҳии Худо наздик аст.
Выбор основного перевода