Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Хушбахтанд чашмоне, ки чизи шумо медидаро мебинанд! Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд». Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Чӣ хел хушбахт ҳастӣ, Шимъӯн, писари Юҳанно! Чунки инро ба ту на одамизод, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст. Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».
Выбор основного перевода