Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар замин барои худ боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин боигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. Зеро ба он ҷое, ки боигарӣ доред, дилатон кашол аст. Чашм барои бадан ҳамчун чароғ аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, эҳ, пас он чи хел торикии зулмот аст! Ҳеҷ кас якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул. Бинобар ин ба шумо мегӯям, на ташвиши зиндагиатонро кунед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва на ғами баданро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯроку бадан аз пӯшок иборат аст? Ба паррандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на кишту кор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на ба анборҳо ҳосилро захира мекунанд, ҳол он ки Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар шумо аз паррандаҳо арзиши баландтар надоред? Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан як лаҳзаи умратонро дарозтар карда метавонед? Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату боигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, ҳамин тавр пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо, аз онҳо чанд маротиба зиёдтар напӯшонад? Барои ҳамин ғам хӯрдану ташвиш кашиданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?” ё „чӣ менӯшида бошем?” ё „чӣ мепӯшида бошем?”. Чунки халқҳои дигар аз паи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. Шумо дар навбати аввал ҷӯяндаи подшоҳии Худо ва иҷрошавии хости Ӯ бошед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Ба ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст». Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард. Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?”. Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам - анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу боигариамро ба он ҷо бурда, ба худ мегӯям: Акнун ту боигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон”. Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?”. Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ боигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
Выбор основного перевода