Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳокими румӣ одате дошт, ки дар ҷашни ин ид маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд. Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббос ном дошт. Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Бараббосро ё Исоеро, ки Таъиншудаи Худо меноманд?» Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. Дар ин мобайн сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббос ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. Пилотус бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳардуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?»«Бараббосро!»- ҷавоб доданд онҳо. «Пас, бо Исое, ки Таъиншудаи Худо меноманд, чӣ кор кунам?»- боз аз онҳо пурсид Пилотус.«Ӯро мехкӯб кунед!»- бо як овоз ҷавоб доданд ҳамаи онҳо. Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?»Мардум бошанд, бо буду шуди овозашон дод мезаданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!» Аз рӯи одат Пилотус дар ҳар ҷашнгирии ин ид як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. Дар он вақт Бараббос ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар ҳабс менишаст. Мардум хоҳиш карданд, ки Пилотус мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки Шоҳи Яҳудиёнро бароятон озод кунам?» Чун мефаҳмид, ки сардорони рӯҳонӣ Исоро аз рӯи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд. Вале сардорони рӯҳонӣ мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Бараббосро талаб кунанд. Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?» Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!» Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус танҳо барои қонеъ гардондани талаботи халқ Бараббосро барояшон озод карда, фармон дод, ки Исоро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд. Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!» (Бараббос одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.) Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт. Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!» Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам». Вале онҳо ду пойро ба як мӯза андохта, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо дар салиб мехкӯб карда шавад. Доду фарёди онҳо бар Пилотус ғалаба намуд ва ӯ ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд. Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод намуд. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
Выбор основного перевода