Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед. Пагоҳии барвақт ҳамаи сардорони рӯҳонӣ ва пирони қавм нақшаи ба дасти марг супоридани Исоро кашиданд. Бо фармони онҳо дасту пои Исоро баста Ӯро аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд. Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд. Баъд тамоми аҳли маҷлиси онҳо аз ҷой бархеста, Исоро ба назди Пилотус бурданд Иди Балогардони яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Ерусалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму таомули покшавиро ба ҷо оваранд.
Выбор основного перевода