Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Петрус бошад, то ба назди ҳавлии сарвари рӯҳониён аз паи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади анҷоми корро дидан дар байни посбонон нишаст. Петрус ҳам, ки дуртар аз паси онҳо меомад, ба ҳавлии сарвари рӯҳониён даромада, дар назди хизматгорон нишаст, то ки дар оташи гулхан гарм шавад. Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт. Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст. Пас, Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд. Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?»
Выбор основного перевода