Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Сардорони рӯҳонӣ ва дигар ҳамаи аъзоёни шӯро бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд. Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ тӯҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки Хонаи Худоро вайрон карда, онро дар мобайни се рӯз аз нав барпо карда метавонад». Бо шунидани ин суханон сарвари рӯҳониён аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худатон ҳамин тавр гуфтед. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Фарзанди Инсонро аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста ва дар болои абрҳои осмон омада истода хоҳед дид!» Он гоҳ сарвари рӯҳониён либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони кофирона гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло суханони кофиронаи Ӯро шунидед. Пас чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг»,- ҷавоб доданд дигарон. Баъзеҳо ба рӯи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада мегуфтанд: «Ҳой Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?!» Сардорони рӯҳонӣ ва ҳамаи аъзоёни шӯро кӯшиш мекарданд, ки бар зидди Исо далеле ба даст оварда, Ӯро ба қатл расонанд, вале ҳеҷ далеле пайдо накарданд. Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин тӯҳматҳо карданд: «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам”». Вале шаҳодати онҳо бар хилофи якдигар буд. Он вақт сарвари рӯҳониён дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ин чӣ айбномаҳое, ки бар зидди Ту шаҳодат медиҳанд? Чаро Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ?» Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Фарзанди Инсонро мебинед, ки аз тарафи рости Худои Пурқудрат нишаста дар рӯи абрҳои осмон меояд». Он гоҳ сарвари рӯҳониён либосашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Худатон шунидед, ки Ӯ суханони кофирона гуфт. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд. Баъд баъзеҳо ба туф кардан ба Исо даромаданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд. Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд. Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?» Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд. Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои худ оварданд. Онҳо гуфтанд: «Ба саволамон ҷавоб деҳ. Оё Ту Таъиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар Ман ба саволатон ҷавоб диҳам, шумо бовар намекунед ва агар худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед. Вале минбаъд Фарзанди Инсон аз тарафи рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст». Ҳозирбудагон гуфтанд: «Пас, Ту-чи писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ҳастам, аз рӯи гуфти худатон». Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!»
Выбор основного перевода