Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед. Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Шумо магар Маро роҳзан гумон мебаред, ки барои дастгир карданам бо таёқу шамшерҳо омадаед? Ман ҳар рӯз дар Хонаи Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Ин суханонро Исо ҳангоми дар ибодатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш гуфт. Дар миёни ҳафтаи ид Исо ба Хонаи Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд. Бинед, Ӯ рӯирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
Выбор основного перевода