Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Сипас онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди Қаёфо, сарвари рӯҳониён бурданд. Дар хонаи Қаёфо шариатдонону пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд. Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд. Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт. Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои сарвари рӯҳониён фиристод. Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Таъиншудаи Худо бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон зинда шавад. Ба номи Ӯ аз Ерусалим сар карда ба ҳамаи халқҳо тавба ва бахшоиши гуноҳҳо эълон карда мешавад Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол сарвари рӯҳониён буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! Магар аён нест, ки агар як нафар ба хотири халқ бимирад, барои шумо беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад».
Выбор основного перевода