Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. Аз кӯҳ поён фаромада истода Исо ба шогирдон фармуд, ки то Фарзанди Инсон мурда аз нав зинда нашавад, ба ҳеҷ кас аз чизи дидагиашон даҳон накушоянд. Он гоҳ шогирдон аз Ӯ пурсиданд: «Чаро шариатдонон мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?» «Дуруст,- ҷавоб дод Ӯ,- аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, бо вай карданд. Бо Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард». Он вақт шогирдон фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт. Исо онҳоро ҷиддӣ таъкид карда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳиш кард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд. Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
Выбор основного перевода