Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад. Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳони халқҳо ва ҳокимони онҳо ҳукмашонро бар зердастони худ мегузаронанд ва „эҳсонкор” номида мешаванд. Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор. Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам!
Выбор основного перевода