Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, хоҷа!»- ҷавоб доданд онҳо. Он гоҳ Исо ба чашмонашон даст расонда гуфт: «Аз рӯи имонатон ҳамин тавр шавад», Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар шумо бовар кунеду шубҳа надошта бошед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. Ва на фақат ин корро, балки, агар шумо ҳатто ба кӯҳ гӯед, ки бархеста ба баҳр биафтад, сухани гуфтаатон иҷро мешавад. Баъд онҳо ба Ериҳӯ омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид. Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Вале ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда фарёд мезад: «Эй Насли Довуд, ба ман раҳм кунед!» Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад». Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам бино шавам». Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Он мард ҳамон лаҳза бино шуд ва аз паси Исо рафт. Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархезу ба баҳр биафт” ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чӣ мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш рӯй медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чӣ дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. Худованд гуфт: «Агар имонатон донаи хардал барин бошад, шумо ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав” гуфта метавонед ва вай ба шумо итоат мекунад. Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?»
Выбор основного перевода