Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд. Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст. Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй аҷдодам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Лаъзорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам”. Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ту дар вақти зинда буданат аллакай ҳама чизи хубро ба даст оварда будӣ, вале насиби Лаъзор фақат чизи бад дид. Ҳоло бошад, дили вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ. Илова бар ин, байни мову шумо чунон ҷарии бетаге вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад”.
Выбор основного перевода