Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, баракат диҳад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд. Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд ва пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар касе, ки подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба ин подшоҳӣ дохил намешавад». Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва ба болои сарашон даст гузошта, онҳоро баракат дод.
Выбор основного перевода