Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Аз шунидани ин суханон Исо ҳайрон шуд ва ба мардуми аз пасаш омадаистода гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад. Ба шумо мегӯям, бисёр касон аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар подшоҳии Худо бо Иброҳиму Исҳоқу Ёқуб дар сари як дастархон хоҳанд нишаст. Аммо онҳое, ки бояд дар подшоҳии Худо мешуданд, ба торикии берун партофта мешаванд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд». Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ибодатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду касалии одамонро шифо мебахшид.
Выбор основного перевода