Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд. Юсуф Вайро гирифта ба кафани тоза печонд ва ба қабри худ, ки навакак дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба дари қабр ғелонда, аз он ҷо рафт. Юсуф ба назди Пилотус омада, хоҳиш кард, ки ҷасади Исоро ба ӯ диҳанд. Ӯ онро аз салиб поён фароварда, ба суфи сафед кафанпеч намуду ба қабре гузошт, ки аз санг ба шакли ғор тарошида шуда буд. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд. Баъд аз он Юсуфи аромотӣ, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. Дар ҷои мехкӯбшудаи Исо боғе ва дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд.
Выбор основного перевода