Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо ба ӯ боз гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ. Баъд, чӣ тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд, то ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед. Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба сарзамини Ҷалил омад, то ки хушхабари Худоро ба мардум эълон бикунад. Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба сабаби Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод. Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». „Ҳатто чангу ғубори шаҳри шуморо, ки бар пои мо нишастааст, афшонда ба шумо бармегардонем, вале аниқ бидонед, ки подшоҳии Худо наздик омадааст”.
Выбор основного перевода