Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. Исо суханони худро ба охир расонда буд, ки тамоми халқ қоил монданд, Сипас онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи истироҳат, ба ибодатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. Ҳама дар ҳайрат монданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чист? Ин як таълимоти навест! Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок чунон боқудратона амр медиҳад, ки онҳо ба Вай итоат мекунанд?» Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам” гуфта метавонад?» Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки дар ҳеҷ ҷо таълим нагирифтааст?»
Выбор основного перевода