17
Зеро чунин ҳодиса рӯй дода буд: Ҳиродус ба занӣ Ҳиродияро, ки зани бародараш Филиппус буд, гирифт. Барои ҳамин Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Хонадоршавии шумо бо Ҳиродия, ки зани бародаратон аст, раво нест». Аз ин рӯ, Ҳиродус як даста одамонро барои дастгир кардани Яҳё фиристод. Онҳо ӯро дастгир карда, баста ба ҳабс андохтанд.
Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард.
Бинобар ин Ҳиродус, бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба ҳабс андохт.