Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Вақте Исо дар Хонаи Худо ба мардум таълим медод, аз онҳо пурсид: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо аз насли Довуд аст? Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд. Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. Сарвари рӯҳониён аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард. Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфтаам. Ман доимо дар ибодатхонаҳо ва дар Хонаи Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. Пас, чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфтаам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».
Выбор основного перевода