Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Пас аз шаш рӯз Исо Петрус ва бародарон Ёқубу Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта ба баландии кӯҳе бурд, ки он ҷо онҳо танҳо буданд. Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд. Шоҳ Ҳиродус аз ин корҳо бохабар шуд, чунки номи Исо дар ҳама ҷо шӯҳрат меёфт. Баъзеҳо дар бораи Исо мегуфтанд, ки ин Яҳёи Таъмиддиҳанда зинда шудааст ва барои ҳамин ҳам чунин қудрати мӯъҷизакорӣ дар ҳаёташ амал мекунад. Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. Баъдтар, вақте ки Исо ба хона даромад шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
Выбор основного перевода