Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди гулхан нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони сарвари рӯҳониён ӯро дид ва ба ӯ бо диққат нигоҳ карда гуфт: «Ту ҳам ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!» Петрус инро инкор карду «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ» гуфта, ба тарафи дигари ҳавлӣ гузашт. Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба ҳозирбудагон гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» Петрус инро боз инкор кард. Дертар ҳозирбудагон ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!» Петрус бошад, ба сараш лаънатҳо хонда, қасам хӯрда гуфт: «Ин одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам». Худи ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва Петрус суханони Исоро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор мекунӣ». Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад. Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту рост мегӯям, ки пеш аз ҷеғ задани хурӯс ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»
Выбор основного перевода