Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. Айнан ҳамин тавр сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: Баъд Исо ба шогирдонаш таълим додани онро сар кард, ки Фарзанди Инсон бояд ранҷу азоби зиёде кашад ва пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯ мегардонанд ва Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. Онҳо боз ба Ерусалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни Хонаи Худо рафтуо мекард, сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм назди Ӯ омада Исоро ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Ҳамаи сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм дар он ҷо ҷамъ шуданд. Саҳарии барвақт сардорони рӯҳонӣ, пирони қавм бо шариатдонон ва тамоми аъзоёни шӯро дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо Исоро баста, ба назди ҳокими румӣ Пилотус фиристоданд ва ба дасти ӯ супориданд. Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Фарзанди Инсон бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад». Рӯзе, вақте ки Исо дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва пирони қавм омада
Выбор основного перевода