Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». Вале фарисиён ва шариатдонон норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад». Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст». Исо пурсид: «Аз кадом воқеа?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеае, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд. Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»
Выбор основного перевода