Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, ҳамчун шаҳодати он ки шумо тавба кардаед, аммо касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва бо оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ аз ман басо тавонотар аст. Ман ҳатто лоиқи он нестам, ки ба кафши Вай патак шавам. Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди халқамон барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишаҳо бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед. Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морони маккор! Кӣ ба шумо гуфт, ки аз ҷазои дарпешистодаи Худо гурехта метавонед? Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?»
Выбор основного перевода