Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
ба назди Худованд Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, балки хобидааст». Баъд аз ин Худованд боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. Рӯзе дар ҷое Исо машғули дуогӯӣ буд. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳамон тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд дода буд, Ту низ ба мо тарзи дуогӯиро ёд деҳ». Вале Худованд ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни косаву табақи худро мешӯед, аммо дарунатон пур аз хасисию бадӣ аст. Худованд ҷавоб дод: «Монанди ҳамон хизматгори бовафову хирадманд бошед, ки соҳибаш дилпурона метавонад ӯро бар хизматгорони дигар назоратчӣ таъин кунад ва ба ӯ дар вақти муайяншуда додани хӯрду хӯроки онҳоро боварӣ намояд. Вале Худованд дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи истироҳат банди барзагов ё хари худро кушода онҳоро аз оғил берун намебароред, то рафта об бихӯранд? Вакилон ба Худованд гуфтанд: «Имони моро зиёдтар бикун». Сипас Худованд пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд? Аммо Заккай рост истода ба Худованд гуфт: «Ана, Худованд, ман нисфи боигариамро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам». Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». ки байни худ мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд аз мурдагон зинда шуд! Вай ба Шимъӯн зоҳир гардидааст».
Выбор основного перевода