Toggle navigation
Главная
Переводы Библии
Комментарии к Библии
Библейские словари и энциклопедии
Новости
Выбор основного перевода
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Сделайте выбор
Комментарии Баркли
Новая Женевская Учебная Библия
Толкование Златоуста
Учебная Библия МакАртура
Толкование Жана Кальвина
Комментарии МакДональда к Библии
Серия комментариев МакАртура
Толкование Мэтью Генри
Толковая Библия Лопухина
Толкование Далласской семинарии
Толкование Блаженного Феофилакта Болгарского
Новый Библейский Комментарий
Комментарии Давида Стерна к Новому Завету
Комментарии Сперджена
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО
Выбор книги основного перевода
От Луки
Аҳди Ҷадид
Аҳди Ҷадид
От Матфея
Аҳди Ҷадид
Книга От Матфея в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Марка
Аҳди Ҷадид
Книга От Марка в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Луки
Аҳди Ҷадид
Книга От Луки в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
От Иоанна
Аҳди Ҷадид
Книга От Иоанна в переводе Таджикский (тоҷикӣ)
← Предыдущая
От Луки
Следующая →
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
1
Баъд Исо ба онҳо масалеро нақл кард, то бидонанд, ки бояд ҳамеша дуо бигӯянд ва ҳеҷ вақт рӯҳафтода нагарданд.
2
Ӯ гуфт: «Дар як шаҳр қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошту на шарме аз мардум.
3
Дар он шаҳр бевазане низ буд, ки ҳамеша ба назди ӯ омада мегуфт: „Маро муҳофизат кунед, то бар душманам маълум гардад, ки ман ҳақ ҳастам”.
4
Қозӣ муддати дуру дароз талаби ӯро рад мекард, вале дар охир худ ба худ гуфт: „Гарчанде ман на тарсе аз Худо дораму на шарме аз мардум,
5
вале, азбаски ин бевазан маро ба ҳолам намегузорад, ӯро ҳимоя мекунам, то ҳар гоҳ омада, маро безор накунад”».
6
Сипас Худованд пурсид: «Шумо шунидед, ки ин қозии беадолат чӣ мегӯяд?
7
Наход Худо интихобкардагони худро, ки шабу рӯз ба даргоҳаш зорию тавалло мекунанд, муҳофизат накунад? Магар Ӯ дер мекунад?
8
Ба шумо мегӯям, ки Худо онҳоро зуд муҳофизат мекунад. Вале оё Фарзанди Инсон вақти омаданаш дар рӯи замин имонро ёфта метавонад?»
9
Баъд Исо ба онҳое, ки дар беайб будани худ шубҳае надошта, аз дигарон ҳазар мекарданд, чунин масалеро нақл кард:
10
«Ду кас барои дуогӯӣ ба Хонаи Худо даромаданд. Яке фарисӣ буду дигаре андозгир.
11
Фарисӣ рост истода, дар дилаш чунин дуо мегуфт: „Худоё! Туро шукр мегӯям, ки мисли одамони дигар қаллобу золим нестам, алоқаи беникоҳ намекунам ва ҳам монанди ин андозгир нестам.
12
Ман ҳар ҳафта ду бор рӯза мегирам ва аз ҳар даромаде, ки дорам, ҳиссаи даҳумашро месупорам”.
13
Вале андозгир дуртар истода, ҳатто ҷуръат намекард, ки сарашро боло карда, ба осмон нигарад. Вай танҳо бар сандуқи синааш мушт зада мегуфт: „Худоё! Ба мани гунаҳкор раҳм кун!”.
14
Ба шумо мегӯям, ки на фарисӣ, балки ҳамин андозгир сафед шуда, ба хонааш баргашт. Зеро ҳар кӣ худро калон гирад, паст мешавад ва, баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор гирад, сарбаланд мешавад».
15
Ба назди Исо кӯдакони хурдсолро оварданд, то ки Ӯ бар сари онҳо даст гузорад. Вале шогирдон инро дида, мардумро сарзаниш карданд.
16
Исо кӯдаконро ба наздаш ҷеғ зада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Худо дар ҳаёти онҳое подшоҳӣ мекунад, ки мисли ин кӯдакон ҳастанд.
17
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад».
18
Яке аз ҷумлаи сардорон аз Исо пурсид: «Эй устоди нек! Чӣ кор бояд бикунам, ки ҳаёти абадӣ насибам гардад?»
19
Исо аз ӯ пурсид: «Чаро Маро нек мегӯӣ? Ҳеҷ кас ба ғайр аз Худои ягона нек нест.
20
Ту фармоишҳоро медонӣ: алоқаи беникоҳ накун, одамкушӣ накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо».
21
Вай ба Исо ҷавоб дод: «Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам».
22
Исо инро шунида гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад. Ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, ба бечорагон бидеҳ. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
23
Вале он мард инро шунида бисёр ғамгин шуд, чунки хеле бой буд.
24
Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст.
25
Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».
26
Онҳое, ки Ӯро мешуниданд, пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?»
27
Исо ҷавоб дод: «Ҳар чизе, ки барои одамон ғайриимкон бошад, барои Худо имконпазир аст».
28
Он гоҳ Петрус гуфт: «Ана, мо аз баҳри хонаҳои худ баромада, Шуморо пайравӣ кардем».
29
Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад,
30
дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст меораду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
31
Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад.
32
Ӯро ба дасти беимонон месупоранд. Онҳо Ӯро масхара ва ҳақорат карда, туфборон
33
ва қамчинкорӣ намуда ба қатл мерасонанд, вале Ӯ дар рӯзи сеюм аз нав зинда хоҳад шуд».
34
Лекин шогирдон аз ин гуфтаҳо чизеро нафаҳмиданд. Маънои суханони Исо аз онҳо пӯшида монд ва онҳо намефаҳмиданд, ки Ӯ дар бораи чӣ сухан меронад.
35
Вақте ки Исо ба Ериҳӯ наздик мешуд, нобиноеро дид, ки дар канори роҳ нишаста садақа мепурсид.
36
Чун нобино шунид, ки аз наздаш мардуми зиёде мегузаранд, пурсид: «Худаш чӣ гап?»
37
Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38
Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
39
Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
40
Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид:
41
«Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42
Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод».
43
Вай ҳамон замон бино шуд ва Худоро ситоишкунон аз паси Исо равона гашт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.
← Предыдущая
От Луки
Следующая →
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
Выбор основного перевода
Синодальный
Современный
Перевод РБО. Радостная Весть
Юбилейное издание (Свет на Востоке)
Перевод свящ. Леонида Лутковского
Церковнославянский перевод
Аварский (магӀарул мацӀ)
Азербайджанский (Azärbaycanca)
Башкирский (башҡорт теле)
Беларускі пераклад
Грузинский (ქართული ენა)
Казахский (қазақ тілі)
Кумыкский (къумукъ тил)
Осетинский (ирон æвзаг)
Таджикский (тоҷикӣ)
Татарский (татарча)
Туркменский (Türkmençe)
Узбекский (ўзбекча)
Український переклад І. Огієнка
Чеченский (нохчийн мотт)
Чувашский (чӑвашла)
American Standard
Biblia Tysiąclecia
Deutsche Luther
Ελληνική μετάφραση
King James
Română traducere
Tradução português
Traducción al español
Traduction française
Traduzione italiana
Türkçe çeviri
中文 汉译
Новый русский перевод МБО