Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки давраи нав сар мешаваду Фарзанди Инсон бар тахти пуршукӯҳи худ менишинад, дувоздаҳ нафари шумо низ, ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ хоҳед кард. Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳоло дар вақти ҳозира сад баробар зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири подшоҳии Худо аз баҳри хона, зан, бародарон, падару модар ва фарзандонаш гузарад, дар ин дунё ҳамаи инро чанд маротиба зиёдтар ба даст меораду дар он дунё ҳаёти абадӣ насибаш мегардад».
Выбор основного перевода