Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Он гоҳ шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд. Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт. Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, бе мукофот нахоҳад монд». Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеъанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд!
Выбор основного перевода