Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо ба шогирдони худ гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям: на ташвиши онро кашед, ки дар зиндагиатон чӣ мехӯред ва на ғами баданатонро хӯред, ки чӣ мепӯшед. Охир зиндагӣ муҳимтар аз хӯрок ва бадан муҳимтар аз пӯшок аст. Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на мекоранд, на медараванд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо ризқу рӯзиашонро мефиристад ва шумо нисбат ба паррандаҳо қадри баландтаре доред! Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан метавонед умратонро ақаллан як соат дарозтар кунед? Пас, агар шумо чунин як кори ночизро иҷро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред? Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату боигариаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. Пас, агар Худо алафи саҳроиро, ки имрӯз ҳасту пагоҳ ба оташ партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, пӯшонда метавонад! Шумо ғам хӯрда, аз паи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед. Ин ғами асосии тамоми халқҳои дигар аст, вале Падари шумо медонад, ки ҳамаи ин чизҳо ба шумо лозиманд. Танҳо подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ бар замми он ба шумо ин чизҳоро хоҳад дод.
Выбор основного перевода