Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъдтар Петрус назди Исо омада пурсид: «Худованд, агар бародаре бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд маротиба вайро бахшиданам даркор? Ҳафт маротиба?» «Не,-ҷавоб дод Ӯ. - Ҳафт маротиба нею ҳафтод карат ҳафт маротиба бубахш. Зеро подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: Рӯзе як подшоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ба ҳисоб гирад. Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ маблағи бениҳоят калоне қарздор буд. Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз баромада наметавонист, шоҳ амр дод, ки ба ҷои товон ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло карда гуфт: „Тақсирам, илтимос, ба ман мӯҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам”. Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида ҷавоб дод. Хизматгор бошад, берун баромада ҳамхизматашро дид. Ин ҳамхизматаш аз вай маблағи нисбатан камтаре қарздор буд. Вай аз гулӯи ҳамхизматаш дошта, ӯро буғӣ карда истода талаб кард, ки қарзашро гардонда диҳад. Ҳамхизматаш худро ба рӯи замин партофта, ба зориву тавалло кардан даромад: „Илтимос, мӯҳлат деҳ ва ман албатта қарзамро бармегардонам”. Аммо хизматгор розӣ нашуда, ҳамхизматашро ба ҳабсхона супорид ва ӯ то қарзро гардонда надиҳад, ҳамон ҷо мемонд. Дигар хизматгорон ин ҳодисаро дида, сахт ранҷиданд ва рафта ба шоҳ буду шуди воқеаро нақл карданд. Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам. Ман ба ту раҳм кардам. Пас, ту ҳам бояд ба ҳамхизматат раҳм мекардӣ”. Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азобашро кашад. Хуллас, Падари осмониам низ то бародаратонро аз самими дил набахшед, бо ҳар яки шумо айнан ҳамин тавр рафтор мекунад».
Выбор основного перевода