Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо хато мекунед, чунки на мазмуни навиштаҷотро медонеду на қудрати Худоро. Зеро дар рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, онҳо зан намегиранду шавҳар намекунанд, балки мисли фариштаҳои осмон мегарданд. Дар бораи аз нав зиндашавии мурдагон бошад, магар гуфтаҳои Худоро боре ҳам нахондаед, ки гуфтааст: „Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Ёқуб ҳастам”. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». Мардум ин суханонро шунида аз таълимоти Ӯ дар тааҷҷуб монданд. Вақте фарисиён шуниданд, ки Исо саддуқиёнро бо ҷавоби худ забонкӯтоҳ кард, як гурӯҳ шуда омаданд. Ва қонуншиносе аз байни онҳо барои озмудани Исо чунин савол дод: «Устод, бигӯед, кадом қонуни шариат дар ҷои аввал меистад?» Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем”. Исо ҷавоб дода гуфт: «Қонуни аввалин ва муҳимтарин чунин мебошад, ки „Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст бидорем”. Дуюмаш ҳам монанди он: „Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст бидорем”. Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст».
Выбор основного перевода