Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад? Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад. Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад? Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад; ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад. Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад.
Выбор основного перевода