Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъд чанд нафаре аз фарисиён Исоро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабабе, ки хоҳад, аз занаш ҷудо шавад?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки „Офарандаи одамизод аз ибтидо онҳоро мард ва зан офаридааст”? Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Бинобар ин мард бояд аз падару модараш ҷудо шуда, бо ҳамсараш бипайвандад, то ки на ду нафар, балки як тан шаванд”. Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст». Фарисиён боз саволе доданд: «Пас, чаро Мӯсо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард бояд ба занаш талоқномае навишта ҷавоб диҳад?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби сангдилиатон Мӯсо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. Ман ҳоло ба шумо мегӯям, агар марде бо ҳар сабабе (ғайр аз сабаби бевафоии занаш) аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, вай гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад». Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, нисбат ба ҳамсари аввалааш гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад. Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, гунаҳкор дар алоқаи беникоҳ ҳисоб мешавад».
Выбор основного перевода